Омар хайям на таджикском языке стихи

Обновлено: 22.11.2024

300
Бо ёр гар орамида боши ҳама умр,
Лаззоти чаҳон чашида боши ҳама умр.
Ҳам охири кор рафт бояд в-он гаҳ,
Хобе бошад, ки дида боши ҳама умр.
301
Бархезу давои ин дили танг биёр,
Он бодаи мушкбуи гулранг биёр.
Ачзои муфарраҳи ғам ар мехоҳи,
Ёқути маю бирешими чанг биёр.
302
То чанд аз ин хилаву зарроқии умр?
То чанд маро дард диҳад соқии умр?
Ҳаққо, ки ман аз синтезаву худъаи у,
Чун чуръа ба хок резам ин боқии умр.
303
То кай рақаму зиёну судат охир?
Дар синаву дил оташу дудаст охир?
Рузе ду дар ин гулхани пурғам буди,
Огоҳ набуди чи будат охир?.

304
Чун ҳосили одами дар ин чои дудар,
Чуз дарди дилу додани чон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас беш набуд,
В-осуда кассе, ки худ назод аз модар.
305
Хишти сари хум зи мулкати Чам хуштар,
Як чуръа май аз ғизон Маръям хуштар.
Оҳи саҳаре зи синаи ҳарроме,
Аз нолаи Бусаиду Аҳмад хуштар.
306
Хайё, ки куза дар сабу кард охир.
Кори ҳама ошиқон наку кард охир.
Афсори намозу пузабанди руза,
Аз гардани ин харон фуру кард охир.
307
Ди кузагаре бидидам андар бозор,
Бар тозагиле лагад мезад бисёр.
В-он гил ба забони ҳол ба у мегуфт:
« Ман чу ту будам, маро ту неку медор».
308
Сусти макуну фаризаҳоро бигзор,
В-он луқма, ки дори, зи касон бозмадор.
Ғайбат макуну дили касеро н-озор,
Дар ухдаи он чаҳон маннам, бода биёр.
309
Умрат чи дусад бувад, чи сесад чи ҳазор,
З-ин куҳнасарой бурун барандат ночор.
Гар подшоҳиву гар гадои бозор,
Ин ҳарду ба як нарх бувад охири кор.

310
Гар бода хури ту бо хирадмандон хур,
Бо лолахури сарвқади хандон хур.
Бисёр махур фош макун вирд масоз,
Гаҳ-гаҳ хуру кам-кам хуру ҳам пиҳон хур.
311
Дар мавсими гул бодаи гулранг бихур,
Бо нолаи ною нағмаи чанг бихур.
Ман май хураму айш кунам бо дили шоҳ,
Гар ту нахури ман чи кунам санг бихур.
312
Вақти саҳар аст, хез эй турфа писар,
Пурбодаи лаъл кун булурин соғар.
К-ин як дами офият дар ин кунчи фано,
Бисёр бичуиву наёби дигар.
313
Ҳар тавба, ки кардем, шикастем дигар,
Бар худ дари ному нанг бастем дигар.
Айбам макунед, агар кунам бехудие,
К-аз бодаи ишқ масту мастем дигар.

314
Оби руи наваруси раз пок марез,
Чуз хуни дили ноиби нопок марез.
Хуни ду ҳазор тан риёкори хароб,
Бар хок бирезу чуръа бар хок марез.
315
Аз чумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки хабар гирам боз.
Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз,
Чизе нагузори, ки намеои боз

Читайте также: