Муаллими мехрубон мехратон дар дилу чон стих

Обновлено: 25.12.2024

Муаллими меҳрубон,
Меҳратон дар дилу ҷон,
Лафзи ширини равон,
Мо аз шумо омӯхтем.
Мо аз шумо омӯхтем.

Ҳар субҳи фирӯз
Хурсанду хандон
Ба сӯи мактаб
Равем шитобон
Қабул намояд
Бо меҳри тоза
Дар саҳни мактаб
Моро ҳамеша
Муаллими мо
Муаллими мо
Салом, муаллим
Гӯем аз одоб
Салом, баччаҳо
Гардонад ҷавоб
Нисбат ба моён
Меҳри зиёде
Бошад намоён
Аз ҳар садое
Муаллими мо
Муаллими мо
Ҳаргоҳ ки бар синф
По мегузорам
Хизмати ӯро
Ба хотир орем
Дӯстӣ, рафоқат
Омӯхт моро
Шамъи садоқат
Афрӯхт моро
Муаллими мо
Муаллими мо
Моро ягона
Омӯзгор аст
Омӯзгори
Боэътибор аст
Ба мисли фарзанд
Мо бо муҳаббат
Хоҳем доим
Бошад саломат
Муаллими мо
Муаллими мо

Муаллиф: Убайд Раҷаб

Дар базми ишқ шамъи фурузон муаллим аст,
Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст,
Он боғбони гулшани андешаҳои жарф,
Парвардигори руҳи ҳакимон муаллим аст,
Мардум маодини зару симанд дар сиришт,
Ҷуёи ин хазоини пинҳон муаллим аст
Ҳаргиз газофа нест ки гуям пас аз Худой,
Он кас ки халқ мекунад инсон муаллим аст,
Зулмоти ҷаҳлро бишкофад ба нури илм
Хизри тариқ чашмаи ҳайвон муаллим аст
Оре, муаллими ҳама ишқ асту сухтан
Онро ки ишқ нест магу кон муаллим аст
Гуянд будаанд муаллим паямбарон
Гуяд “Ҳаниф”и Изади Раҳмон муаллим аст.

Шуои нури ҳудо дар муҳити зулмонӣ
Ҷамоли ақдаси ҳақ дар либоси инсонӣ
Калиди рамзи футуҳоти раббонӣ
Асоси муҳками илму камолро бонӣ
Муаллим аст, муаллими бузургвори вуҷуд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Муаллим аст ки ӯ лавси ҷаҳлро шуяд
Муаллим аст к-аз ӯ гулбуни адаб руяд
Муаллим аст ки ӯ нури кибриё ҷуяд
Муаллим аст ки ӯ роҳи анбиё пуяд
Муаллим аст к-аз ӯ роҳи илм равшан буд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Худо ки манбаи илму фазилату ҷуд аст
Ба лафзи поки муаллим ҳабиб бистудаст
Варо “юаллимуҳумул китоб” фармудаст
Ки он ки мунҷии олами башар будаст
Муаллим аст ки сар бар фалак зи фахр бисуд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Агар ба қаъри замин кону маъдане пайдост
Агар суфоюни сангин ба паҳнаи дарёст
Вагар зи рӯи замин моҳворае ба фазост
Бувад ҳама зи муаллим, туро бигуям рост
Агар набуд муаллим нишони илм набуд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Агар шумори умрат фузун зи ҳаштод аст
Надида хидмати устод лағву барбод аст
Зи рӯзгори куҳан ин сухан маро ёд аст
Басе зи меҳри падар беҳ ҷафои устод аст
Гиреҳ ба нохуни дониш зи мушкилот гушуд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Ту офтоби дурахшони эй муаллими ман
Ҷаҳон чу ҷисму ту ҷони эй муаллим
Ту руҳи олами имкони эй муаллим
Ту парваришгари инсони эй муаллим
Чу “Хушхабар” ба ту шеъри муаллимона суруд
Ба хоки пои муалим ҳазор бор дуруд

Муаллиф: Козими Хушхабар

Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро
Бигзор ки дар рӯи ту бубинем Худоро
То накҳати ҷон бахши ту ҳамроҳи сабо шуд
Хосияти Исист дами боди саборо
Ҳар чанд ки дар роҳи ту хубон ҳама хоканд
Ҳайф аст ки бар хок ниҳи он кафи поро
Пеши ту дуо гуфтаму дашноми шунидам
Ҳаргиз асари беҳтар аз ин нест дуоро
Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам
Болои ту ногоҳ барангехт балоро
Он рӯз ки таълими ту мекард муаллим
Бар лавҳи ту нанвишт магар ҳарфи вафоро?
Гар ёр кунад майл, Ҳилолӣ, аҷабе нест
Шоҳон чи аҷаб гар бинавозанд гадорро?

Ҷуз ғубор аз сафари хок чи ҳосил кардем
Сафар он буд ки мо дар қадами дил кардем
Домани Каъба чи гард аз рухи мо пок кунад
Мо ки ҳар гом дарин роҳ ду манзил кардем
Даст аз он зулф бидоред ки мо бекорон
Умри худ дар сари як уқдаи мушкил кардем
Боғбон бар рухи мо гу дари бустон магшо
Мо тамошои гул аз равзанаи дил кардем
Осмон буду замин, пиллаи шоди бо ғам
Ғаму шоди ҷаҳонро чу муқобил кардем
Эй муаллим сари худ гир ки мо чун гирдоб
Қатъи умед зи сар риштаи соҳил кардем
Рафт дар кори сухан умри гироми Соиб
Ҷуз пушаймони азин кор чи ҳосил кардем?

Метавон дар соя омухтан
Ганҷи ишқи ҷовидон андухтан
Аввал аз устод, ёд омухтем
Пас, сувайдои савод омухтем
Аз падар гар қолиби тан ёфтем
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем
Эй муаллим чун кунам тавсифи ту
Чун Худо мушкил тавон таърифи ту
Эй ту киштии наҷоти руҳи мо
Эй ба туфони ҷаҳолат Нуҳи мо
Як падар бахшандаи обу гил аст
Як падар равшангари ҷону дил аст
Лек агар пурси кадомин бартарин
Онки дин омузаду илму яқин
Муаллиф: Шаҳриёр

Читайте также: